Гумрук: Фаъолияти шӯро дар ҳайати нав
Душанбе, 01. 12. 2015. (АМИТ «Ховар») — Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, масъулини вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукӣ ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ баргузор гардид. Дар он фаъолияти шӯро дар ҳайати нав, масъалаҳои ташкилии фаъолияти он, тағйироту иловаҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ (дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото), фаъолияти брокерони гумрукӣ ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
-Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, мақсади он ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ пеш аз ҳама, мусоидат ва ҳамкории созандаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад, — гуфт сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






