Гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» ба низоми зимистонаи фаъолият мегузарад
Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии мошингарди «Қулма-Қаросу», воқеъ дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин бинобар фаро расидани фасли зимистон тағйирот ворид шуд. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, минбаъд гузаргоҳи сарҳадии мошингарди «Қулма-Қаросу» дар як моҳ ҳашт рӯз — чор рӯзи аввали моҳ ва чор рӯзи охири моҳ тибқи ҷадвали зерин: рӯзҳои 8, 9, 10, 11, 22, 23, 24, 25-уми моҳи декабри соли 2015, рӯзҳои 5, 6, 7, 8, 19, 20, 21, 22-юми моҳи январи соли 2016, рӯзҳои 1, 2, 3, 4, 16, 17, 18, 19-уми моҳи феврали соли 2016, рӯзҳои 1, 2, 3, 4, 16, 17, 18, 19-уми моҳи марти соли 2016 ва рӯзҳои 5, 6, 7, 8-уми моҳи апрели соли 2016 фаъолият мекунад. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки мувофиқи ҷадвали пешниҳодшуда фаъолияти худро танзим кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






