Хатлон: Сохтмони мактабҳо вусъат меёбанд
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Зимни сафари кории худ аз вилояти Хатлон вазири маориф ва илм Нуриддин Саид аз ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кўлоб, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд, дидан намуд.
Дар ноҳияи Панҷ Нуриддин Саид аз ҷараёни сохтмони мактаби миёна, ки барои 624 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, боздид ба амал овард. Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ш.Асомуддинзода сохтмони бинои мактаб соли 1988 оғоз гардида, аз соли 1991 инҷониб мавқуф гузошта шуда буд. Дар доираи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” ва амалӣ намудани Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд сохтмони он идома ёфт.
Барои иҷрои корҳои сохтмонию васлгардонӣ дар мактаби мазкур 1867184,92 доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Иҷрои корҳои сохтмонию васлгардониро пудратчии асосӣ ҶСП «ИИИС Техноинвест» ба уҳда дорад. аАйни замон дар сохтмони иншоот 93 сохтмончӣ фаъолият доранд.
Бинои таълимии мактаб дуошёна буда, он дорои 20 синфхона (5 синфхонаи таълимӣ, 9 ҳуҷраи фаннӣ, лабораторияҳои химия, биология ва физика, 2 синфхонаи махсуси технология барои духтарон ва писарон, 2 синфхонаи компютерӣ), китобхона, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷраи кории муовинони директор, ҳуҷраи кори муаллимон, ошхона, маҷлисгоҳ барои 160 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






