ҲХДТ ба осебдидаҳои зилзила кумак мерасонад
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ “Ховар”).-Дар ҷаласаи изтирории дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода доир гардид, масъалаи расондани кумакҳои молиявӣ ба зарардидагони заминларза дар баъзе навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Танҳо дар қаламрави ноҳияи Рўшон беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Дар минтақаи осебдида Комиссияи ҳукуматӣ кор карда истодааст. Чанд рӯз боз чархболҳо мардуми осебдидаи ҷамоати Бартангро ба маркази ноҳия интиқол медиҳанд. Ҳамчунин осебдидагон аз ҳукумати кишвар ҳамчун кумак маводи хӯрокворӣ ва сӯхт дарёфт кардаанд.
Дар робита ба ин ҳодисаи нохуши табиӣ дастгоҳи КИМ ҲХДТ тасмим гирифт, ки ба зарардидаҳои офат кумаки бевоситаи худро расонад. Тибқи қарори матраҳшуда ҳамаи кормандони Дастгоҳи КИМ ҳизб, идораи нашрияи «Минбари халқ», кормандони тамоми комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки маблағи маоши якрўзаи худро ба ҳисоби зарардидаҳои офати табиӣ гузаронанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкороне, ки узвияти ҲХДТ-ро доранд, метавонанд мустақиман ба осебдидаҳо ёрии молию пулӣ расонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






