Хизматрасонии тиббӣ дар Балҷувон

Декабрь 19, 2015 06:06

  Балҷувон, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Беморхонаи марказии ноҳияи Балчувон аз соли 1996 то инҷониб фаъолият дошта, кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.  Беморхонаи мазкур дорои 4 шуъба, таваллудхона, амрози даруна, шуъбаи ҷарроҳӣ ва кӯдакона мебошад. Тазаккур бояд дод, ки беморхонаи номбурда аз соли фаъолият то кунун таъмири асосиро надида бинои муассиса дар ҳоли ногувор қарор дорад. Ҳаминро ба инобат гирифта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013- ум иқдом гирифт, ки барои сокинони ин диёр бинои наву замонавӣ муҷаҳҳаз бо лавозимоту шароитҳои зарурии тиббиро сохта ба истифода диҳанд.  Баъди ба истифода қарор гирифтани иншооти замонавӣ шароити кории кормандони соҳа беҳ гардида, ҳамаи намуди бемориҳо дар ин муассиса муолиҷа мешаванд.
    Рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ нисбати чанд соли қаблӣ беҳтар гардида ин раванд дар муассисаҳои тиббии ноҳияи Балчувон давра ба давра амалӣ мегардад.  Бино ба иттилои масъулин дар соли ҷорӣ шумораи бемориҳои сироятӣ кам гардида, норасоии кадрӣ то як андоза ҳали пурраи худро ёфта истодааст.

 

Декабрь 19, 2015 06:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд