Ховалинг: Баррасии масоили ҷудошавии оилаҳо дар мулоқот бо занон
Ховалинг, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг бо фаъолони ноҳия мулоқот доир намуд, ки дар он бисёр масъалаҳои марбут ба оила ва хусусан рӯзгори занон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ба қавли Қумринисо Сангалиева, корманди бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон яке аз масъалаҳои доғи рӯз-ин ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки то ҳанӯз баъзе шаҳрвандон бархилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда тӯю маъракаҳои хешро бо исрофкорӣ мегузаронанд, ки бояд занону модарон садди роҳи ин қонуншиканиҳо гарданд.
Бино ба иттилои дастандаркорон аз рӯи нақшаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чунин вохӯриҳоро дар дигар шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешщаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






