Хуҷанд: «Нест бод нашъамандӣ, мо ҷонибдори тарзи ҳаёти солимем»
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-30 ноябр дар Қасри ҷавонони маркази шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бо СПИД доир гардид.
Ҳамоиш ҷамъбасти иқдоме буд, ки вобаста ба ин сана аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо шуъбаи маориф ва тандурустии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нест бод нашъамандӣ, мо ҷонибдори тарзи ҳаёти солим ҳастем» тӯли 2 ҳафта дар Хуҷанд доир гардид.
Дар чорабинӣ озмуни расмкашӣ ва газетаи деворӣ, ки дар мактабҳои миёна ва олии вилоят доир гардид, ҷамъбаст шуд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо сарфароз гардиданд.
Дар тӯли 10 рӯз дар доираи ин чорабинӣ дар тамоми мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд аз рӯи 10 намуд мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






