Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Зебунисо” дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 06.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии Зебунисоро ифтитоҳ намуд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ 7 июни соли 2012 оғоз гардида, он соли 2015 пурра бунёд карда шуд.
Муассисаи мазкур барои 150 нафар дар як баст сохта шуда, дар он 35 нафар, аз ҷумла мураббияҳо, табибон ва дигар кормандони соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Масоҳати умумии муассисаи хусусии томактабӣ 2350 метри мураббаъ буда, барои бунёди он фармоишгар — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Континент — инвест 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.
Дар муассисаи томактабии хусусии Зебунисо 7 утоқ, аз ҷумла синфхонаи таълимӣ, барои машғулиятҳои эҷодӣ, ҷойи машқи бадан ва ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар муассисаи томактабӣ хонаи махсус бо камераҳои назоратӣ омода шудааст, ки волидон метавонанд ба воситаи он аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзанди хеш шинос шаванд.
Муассисаи мазкур дар қисми поёнии ду бинои нави 12 ошёна ҷойгир аст ва ин бино аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Фаровон — сохтмон бунёд шудааст.
Дар вақти шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кудакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли оянда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳануз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои томактабӣ бештар таъсис дода шавад.
Кормандони Муассисаи томактабии хусусии Зебунисо ва кудакони хушиқболи даврони соҳибистиқлолӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзанда изҳори сипос карданд.
Баъди ифтитоҳи муассисаи томактабӣ дар ҳаминҷо муаррифии лоиҳаҳои дар пойтахт бунёдшаванда доир гардид.
Ба Сарвари давлат лоиҳаҳои муассисаҳои типи нави томактабӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






