Ихтисораи нав: Гурӯҳи ДИИШ-ро акнун бештар ДОИШ мегӯянд
Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-ВАО-и ҷаҳонӣ аз ихтисораи шартии маъмулии ин гурӯҳи террористӣ даст кашиданд, то ба ҷангиён ҳуқуқи амал кардан аз номи Исломро надиҳанд. Ихтисораи нав ДОИШ дар ВАО ҳамчун ҷойгузини ихтисораи шартии маъмули гурӯҳи террористии ДИИШ истифода мешавад.
Террористон худро «Давлати исломӣ» меноманд, ки ишора ба хилофатро дорад ва онро халифа идора мекунад ва ба забони арабӣ халифа маънои «ворис»-ро дорад (дар ин ҳолат вориси паёмбар Муҳаммад (с) -эзоҳи муҳаррир). Охир хилофати исломии эътирофшуда Хилофати империяи туркони усмонӣ буд, ки даврони он соли 1923 ба охир расид.
Дар Русия барои нишон додани ташкилоти ифротӣ ишораи ДИИШ-«Давлати исломии Ироқу Шом»-ро, ки Шом-номи ҷуғрофии қисми шарқии Баҳри миёназамин: Сурия, Шом, Фаластин, Исроил ва Урдун аст, истифода мебаранд. Арабҳо ин мавзеъро Аш-Шам ном мебаранд, ки маънои «Сурияи бузург»-ро дорад.
Вале, ВАО-и бонуфуз ва як зумра кишварҳо аз чунин ном бурдани гурӯҳи террористии мамнуъшуда даст кашидаанд, чунки ин ба террористон ҳуқуқ медиҳад исломро намояндагӣ кунанд, вале ин комилан чунин нест.
Ҳоло мо бештар ихтисораи дигари ДОИШ-ро мешунавем. Онро пас аз таркишҳои Париж Франсуа Олланд дар мулоқот бо Барак Обама ошкоро истифода намуд. Ин ихтисора аз шакли кӯтоҳшудаи номи ташкилоти ифротии al-Dawla al-Islamiya al-Iraq al-Sham гирифта шудааст, ки ҳамон «Давлати исломии Ироқу Шом» мебошад. Вале ин шакли тарзи гуфтор ба террористон писанд нест. Ҳатто, ҷангиён ба ҳар касе, ки ихтисораи арабиро дар гуфтор истифода мебаранд, таҳдид ба буридани забон мекунанд, зеро он ба чунин калимаҳои арабӣ-«daes» («қадам задан/пой кӯфтан») («топающий/давящий ногами») ва «dahes» (фитнаангезӣ/вайронкорӣ») («сеющий раздор/разрушения») ҳамоҳанг аст. Акнун, маҳз ҳамин ихтисораи ҷангиёнро ба хашмоваранда на танҳо дар арабҳо, балки дар ВАО-и ҷаҳонӣ истифода мешавад.
Каринэ Геворгян, шарқшинос ва коршинос дар барномаи шабакаи телевизионии LifeNews таъкид намуд, ки мо агар калимаи «исломӣ»-ро истифода барем, он гоҳ одамони бо ислом ношинос ба тамоми мусулмонон бо шубҳа муносибат мекунанд. Шояд ин ба ихтилофоти ҷомеа ва нобоварӣ оварда расонад. Набояд ба ин кор роҳ дод, мусулмонон инро сазовор нестанд, чунки онҳо аввалин шуда ба муқобили ҷангиёне баромаданд, ки ҳадафҳои нопоки худро бо номи ислом пӯшиш медоданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






