ИМА: ҳаҷми қочоқи нафт аз ДИ ба Туркия «ночиз аст»
Душанбе, 5.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- ИМА ба изҳороти Русия дар бораи он, ки террористони «Давлати исломӣ» аз қаламрави Сурия ба Туркия ҳаҷми калони нафтро ба таври қочоқ мегузаронанд, розӣ нест. «Аз рӯи арзёбии мо, ҳаҷми қочоқи нафт байни ноҳияҳои зери назорати ДИ барои Туркия ночиз аст», — иттилоъ дод 4 декабр як мақоми баландпояи Департаменти давлатии ИМА.
Ба таъкиди ин намояндаи Департаменти давлатӣ, қариб ҳамаи нафти дар қаламрави Сурия истихроҷшуда дар дохили худи кишвар, ки он ҷо корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт фаъол аст, истеъмол мешавад. Бино ба изҳороти ин дипломат, қисме аз ин нафтро «худи режими» Башор Асад мехарад ва қисми дигараш дар корхонаҳои софкории нафти марбут ба ДИ баъди коркард бензин ва сӯзишвории дизелӣ мешаванд.
Аз рӯи баъзе арзёбиҳо, дар минтақаҳои зери назорати террористон, дар як рӯз то ба 1,5 миллион доллари ИМА нафт истихроҷ мешавад, ки ин даромади аслии ДИ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди ин, дар Вашингтон муътакид бар онанд, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймои Амрико ба нуқтаҳои ҷамъоварии нафт, мошинҳои сӯзишворӣ ва инфрасохтори нафт дар ҳафтаҳои охир истихроҷи нафт дар ин минтақаҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Дар робита ба шарҳи наворҳои Ситоди кулли Русия, ки корвони мошинҳои нафтбарро аксбардорӣ кардааст, намояндаи Департаменти давлатӣ изҳор дошт: «Ин суратҳо, бешубҳа, қалбакӣ нестанд, вале баъзе аз онҳо кӯҳнаанд».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






