Интерпол ҷаллоди эҳтимолии ДИ аз Русияро мавриди кофтуков қарор дод
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Интерпол Анатолий Землянкаи русро, ки эҳтимолан дар навори видеоии гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» сабт шудааст, мавриди кофтукофи байналмилалӣ қарор дод.
Дар корти Землянка дар сомонаи Интерпол гуфта мешавад, ки мақомоти Русия ӯро дар иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гумонбар мешуморанд.
Илова ба расми гумонбар, Интерпол аломатҳои иловагӣ низ меорад. Интерпол талаб мекунад, ки ҳангоми пайдо кардан ӯро фавран дастгир намоянд.
Қаблан раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров изҳор дошт, ки ӯ мардеро, ки дар яке аз наворҳои видеоии ДИ Магомед Хасиеви русиягиро ба қатл мерасонд, шинохт. Пас аз оне, ки марди дар наворбуда иқрор мешавад, ки ҷосуси ФСБ аст, ӯро ҷангии русзабон ба қатл мерасонад.
Р. Қодиров нахост, ки номи он шахсро ифшо кунад, аммо баъдан шабакаи телевизионии «Life News» изҳор дошт, ки гап сари Анатолий Землянка меравад.
Рӯзноманигорони рус муайян сохтанд, ки А. Землянка аллакай дар Русия бо гумони даст доштан дар фаъолияти ДИ дар кофутуков қарор дода шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






