Интихоби Пешвои миллат — зарурати таърихӣ
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати омўзгорону кормандони факултет дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳамзамон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, олимон ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомзода дар хусуси зарурияти таърихии қабули қонуни мазкур иттилоъ дода, нақши таърихии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик махсусан таъкид намуда, қабули ин қонунро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид.
Омўзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ иброз доштанд, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, аз нестшавӣ раҳо намудани давлат, аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Ватани маҳбубамон хизматҳои арзандаву шоистаро анҷом додааст. Ў барҳақ асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои воқеии миллати тоҷик аст,- афзуданд дар анҷоми кори ҷаласа омўзгорони факултет.
Дар умум ҳайати омўзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пуштибонии амиқи хешро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» изҳор намуда, хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷовидона гардонидани номи миллати тоҷик, эҳёи давлатсозию миллатсозии тоҷикон ва бунёди аркони давлатдории миллӣ таърихӣ эътироф карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






