Ироқ аз ША СММ таъҷилан баровардани неруҳои Туркия аз қаламрави Ироқро дархост кард
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ироқ ба Шӯрои амнияти СММ бо дархости таъҷилан баровардани неруҳои Туркия аз қаламрави худ, ки ба сифати «дағалона вайрон кардани» Низомномаи СММ фаҳмида мешавад, мактуб ирсол намуд. Дастрас гардидани муроҷиати расмиро рӯзи ҷумъа намояндаи доимии ИМА дар ин созмони ҷаҳонӣ Саманта Пауэр, ки иҷрокунандаи раисии Шӯрои амнияти СММ-ро дар моҳи декабр бар дӯш дорад, ба журналистон тасдиқ намуд.
Дар мактуб, ки нусхаи он дар матбуот нашр шудааст, Бағдод аз Шӯрои амнияти СММ хоҳиш намудааст, ки: «тақозо мешавад, то ки Туркия фавран неруҳояшро барорад», ҳамчунин «минбаъд соҳибистиқлолии Ироқро халалдор насозад». «Ин ба сифати дағалона вайрон кардани асосҳои Низомномаи СММ, ҳамчунин вайрон кардани тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии Ироқ фаҳмида мешавад», — омадааст дар мактуби намояндаи доимии Ироқ Муҳаммад Алӣ ал-Ҳаким.
Тавре ки Пауэр иттилоъ дод, дипломати ироқӣ барои даъвати мулоқоти таъҷилии Шӯро барои муҳокимаи мудохилаи низомии Туркия аз ӯ дархост накардааст.
Хонум Пауэр гуфт, ки ӯ «барои идомаи муколама миёни Ироқу Туркия бо мақсади ҷустуҷӯи ҳалли сулҳомези вазъи кунунӣ даъват кардааст».
Рӯзи ҷумъа Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» муроҷиати ҳукумати Ироқро ба ША СММ дар робита ба ҷойгир кардани ҳарбиёни Туркия дар шимоли Ироқ «қадами бевиҷдонона» номид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






