Ироқ хуруҷи неруҳои Туркияро аз қаламрави худ талаб кард
Душанбе, 05.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Ҳукуматдорони Ироқ хуруҷи фаврии неруҳои Туркияро аз қаламрави худ талаб карда, интиқоли неруҳои туркиро ба минтақаи Башикаи наздикии шаҳри Мосул вайрон кардани соҳибихтиёрии худ хонданд. Вазорати корҳои хориҷии Ироқ амали Туркияро «ба зурӣ зада даромадан» хонда, имконияти гузаронидани ҳар гуна амалиёти низомиро бе мувофиқа бо Бағдод рад кард.
Чанде қабл иттилоъ дода шуд, ки Туркия дар доираи барномаи омӯзиши ҷангиёни курдӣ 130 сарбозашро дар Башика ҷойгир кардааст. Ба гуфтаи намояндагони неруҳои ҳарбии ИМА, Туркия неруҳояшро мустақилона ба шимоли Ироқ интиқол дода, ин иқдомро берун аз доираи амалиёти эътилофи байналмилалӣ, ки бар зидди ДОИШ мубориза мебаранд, қабул кардааст. «ИМА медонанд, ки Туркия садҳо неруи худро дар шимоли Ироқ ҷойгир кардааст, аммо ин иқдом як қисмати амалиёти эътилоф таҳти роҳбарии ИМА нест», — гуфтаи ду нафар низомии амрикоиро иқтибос меорад ТАСС бо ишора ба Агентии «Reuters».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






