Исфара: Занҳои хонашин ба кор ҷалб мешаванд
Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). -Ташкили марказҳои атласбофию адрасбофӣ боиси бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани занони маҳаллӣ мегардад. Бино ба гуфти мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Гавҳархон Ҳамроева туфайли ба фаъолият оғоз бахшидани ин гуна марказҳо дар шаҳру деҳоти Исфара 88 нафар занону духтарон ба кор ва коромӯзӣ ҷалб шудаанду ин нишондод дар ҳоли афзоиш мебошад.
Аз рӯи маълумоти Нурулло Қурбонов, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара тавассути баргузор кардани бозори ҷойҳои корӣ дар давоми соли 2015-ум 38 нафар занону духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанду теъдоди зиёди онҳо ба курсҳои омӯзишӣ фарогир гаштаанд. Теъдоди занони аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара танҳо дар давоми соли 2015 қарзи имтиёзнок гирифта 39 нафарро дарбар мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






