Истаравшан: Сӯиқасд ба ҷони худу ҳамсар
Душанбе, 02. 12. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 34-солаи шаҳри Истаравшанро бо гумони сӯиқасд ба куштор дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки номбурда 29 ноябри соли равон, тахминан соати 10:00 дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан бо ҳамсараш, зани 24-сола ҷангу ҷанҷол бардошта, дар натиҷаи муноқиша бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани ӯ зада, қасди куштан менамояд. Баъдан гумонбаршуда бо корди мазкур 1 маротиба ба қафаси синаи худ зарба зада, нияти худкушӣ менамояд. Дар натиҷа зану шавҳар ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






