Истихроҷи ангишт ба 1 млн. тонна расонида шуд
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз 208 корхонаи соҳаҳои саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сўзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ кам намудааст.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 12 декабри соли ҷорӣ ба 1 млн. тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 167 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 938,9 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби муассисаҳои буҷавӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 51688,5 тонна ангишт захира намудаанд, ки 102,6 фоизи талаботи онҳоро ташкил медиҳад.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт то 12 декабр 152,9 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад.
Дар айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 1500-3000 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харидорӣ намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






