Ҳизбиён ба театр мераванд
Душанбе, 23.12.15. (АМИТ «Ховар»).-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз тасмим гирифтааст, ки тамоми кормандони дастгоҳи марказии ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбиеро, ки дар шаҳри Душанбе ва берун аз он фаъолият мекунанд, дар якҷояги ба Театри академӣ- драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба тамошои намоишномаи театрӣ даъват намояд. Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, ҳадаф аз ин иқдом, пеш аз ҳама, баланд бардоштани фарҳанги маънавии байни кормандони ҲХДТ мебошад ва бад-ин васила ҳамчунин кормандони ҳизб, кормандони дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ мехоҳанд, ки миёни аъзои худ чунин иқдомро баргузор намуда, ба баланд гардидани маънавиёти аъзои худ мусоидат намоянд. Ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилоти давлатӣ, ки ҳизби ҲХДТ амал мекунад, роҳбарони ташкилоти ҳизб чунин иқдомро идома хоҳанд дод ва бад- ин минвол, пеш аз ҳама, ҷавононро ба маънавиёт ва театр ҷалб менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






