Кӯҳистони Мастчоҳ: Ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз роҳбарони муассисаҳои олии вилояти Суғд бо хамткунандагон ва аҳли ҷамъияти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ суҳбати самимӣ ва ошкоро гузарониданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев гуфт, ки тибқи дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чунин вохӯриҳо бо ҳайати номбурда бори аввал сурат гирифта, ҳадафи он ҷалби бештари ҷавонон ба донишомӯзиву баланд бардоштани маърифати ҷомеа аст.
Анвар Мақсудов — ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз дастовардҳои имрӯзаи донишгоҳ маълумот дод. Инчунин дар вохӯрӣ роҳбарони дигар муассисаҳои олии вилоят сухан гуфтанд.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадҷобир Раҷабзода зикр намуд, ки имрӯз аз ноҳия дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ наздик ба 500 донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Зикр шуд, ки дар оянда махсусан барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон эътибори ҷиддӣ дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






