Кӯлоб: Ҳамоиш барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ
Кӯлоб, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки намояндагони Прокуратураи ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб доир ба хатари экстремизму терроризм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ чорабинӣ доир гардид.
Дар он кормандони касбу кори гуногун, ҷавонону донишҷӯён иштирок доштанд. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки равандҳои навин ба пайдоишу таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмиллалӣ, кӯч бастани садҳо ҳазор шаҳрвандони давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам мусоидат намудаанд. Ин тамоюлҳои манфӣ, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва болоравии сатҳи экстремизми сиёсӣ ва динӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намондаанд.
Зикр шуд, ки баҳри амнияту суботи кишвар чунин вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






