Кӯлоб: Курсҳои омӯзишӣ барои занони роҳбар
Кӯлоб, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»)- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа барномаҳои гуногуни давлатиро роҳандозӣ намудааст. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ курсҳои омӯзишии занони роҳбарро ба роҳ мондааст ва дар шаҳри Кӯлоб беш аз 30 нафар занони фаъол аз ин курсҳо гузаштанд. Ба гуфти Саида Нурляминова, мудири бахши занон ва оилаи ш. Кӯлоб дар курси омӯзишӣ беҳтарин мутахассисон ҷалб шуда, ба занон мавзӯъҳои сарварӣ, санъати суханварии сарвар, имиҷи занони сарвар, иштироки занон дар равандҳои сиёсӣ, нақши арзишҳои фарҳангӣ дар фаъолияти занони сарвар ва фаъолияти занон дар ҳизбҳои сиёсӣ омӯзонида шуданд. Баъди се моҳи омӯзиш ба 35 нафар занони аз курс гузашта сертификат супорида шуд ва онҳо барои фаъолият дар вазифаҳои роҳбарикунанда омода гардиданд.
Чунин курсҳои омӯзишӣ бо донишҷӯдухтарон гузаронида шуда, 32 нафар онро хатм карданд ва 50 нафари дигар таҳсилро идома дода истодаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






