Хуҷанд: Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ба муносибати Соли нав
Хуҷанд, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 29-уми декабр роҳбарияти шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнатро ба муносибати соли нави мелодӣ аёдат намуд.
Ба иттилои сомонаи шаҳрдории вилояти Суғд раиси шаҳри Хуҷанд нахуст ба ҳавлии иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Мирзоқосим Мирзохонови 90-сола омад. Дар ин рӯз ҳамчунин ду нафар собиқадори ҷангу меҳнат Григорий Крушин ва Мамадхон Эшонов аёдат карда шуда, ба онҳо низ баробари туҳфаҳои солинавӣ кумаки моддӣ расонда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аёдати шахсони ниёзманд идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






