Кишти зироати ғалладона дар Кӯлоб
Кӯлоб, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Кӯлоб бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ деҳқонон кишти тирамоҳии ғалладонагиро ба охир мерасонанд. Кооперативи истеҳсолии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз хочагиҳои калонтарини ноҳияи Кӯлоб ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияташ тухмипарварӣ ва зотпарварӣ мебошад. Имсол хоҷагидорон бо истифода аз тухмии хушсифати ғалла мақсад доранд, ки дар майдони 300 гектар замини лалмӣ ва 500 гектар замини обӣ кишти ғалладона гузаронанд. Бо ин мақсад тамоми техникаи кишоварзӣ, ки қаблан аз таъмир бароварда шудаанд, ба шудгору кишт сафарбар гардид. Бино бар иттилои хоҷагидорон беш аз 300 гектар замини обӣ низ аз шудгори хушсифат бароварда шуда, навъҳои гандуми «Краснодар 99», «Садоқат» ва намудҳои чинӣ кишт шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






