КМТ: Баргузории озмуни «Дастони моҳир»
Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 11-уми декабр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе озмуни «Дастони моҳир» бахшида ба Соли оила ва фарҳанги либоспӯшии ҷавонон таҳти унвони «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар озмуни «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» гулдухтарони Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе бо намоиши либос ва рақсу суруд либоси миллиро тарғиб намуданд.
Ҳамчунин барои тарғиби либосҳои миллӣ ва дар ниҳоди ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, матоъҳои зардӯзию гулдӯзӣ ва дигар нақшу нигори миллӣ аз тарафи хонандагони литсей ба намоиш гузошта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






