«Кохи Ваҳдат» ба осебдидаҳои зилзила кумак расонд
Чкалов, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷаласае, ки дирўз таҳти раёсати директори Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Холмаҳмад Исоев доир гардид, масъалаи расондани кумакҳои молиявӣ ба зарардидагони заминларза дар баъзе навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Директори муассиса Х. Исоев таъкид намуд, ки қарзи ҳар як шаҳрванди ватандору башардўст мебошад, ки дар лаҳзаҳои мушкили одамон бетараф набошанд ва тибқи имконият дасти ёрӣ дароз намояд. Бар асари заминҷунбии сахти Бадахшон тибқи ҳисобҳои қаблӣ ба манзилҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу муассисаҳои фарҳангиву давлатӣ, роҳҳои мошингарду пулҳо ба маблағи 24 миллион сомонӣ зарар расидааст. Ҳамзамон ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи иттилои Кумитат ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар қаламрави ноҳияи Рўшон беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд. Дар минтақаи осебдида Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини сарвазир Азими Иброҳим кор карда истодааст. Дар айни замон осебдидагон аз ҳукумати кишвар маводи хўрокворӣ ва сӯхт гирифта истодаанд. Бинобар ин мо ҳам бояд дар ин маврид кумаки худро расонем.
Сипас, чанде аз кормандони МД «Кохи Ваҳдат» ба оилаҳои ҳалокшудаҳо ва дигар зарардидаҳо ҳамдардии худро изҳор дошта, пешниҳод намуданд, ки маблағи маоши якрўзаи худро ба ҳисоби зарардидаҳои офати табиӣ гузаронанд.
Расондани кумакҳои молию пулӣ ба осебдидаҳо идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






