Конфронси «Қалби Осиё» дар Исломобод ҷараён дорад
Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Конфронси дурўзаи «Қалби Осиё», ки рўзи сешанбе дар пойтахти Покистон- шаҳри Исломобод оғоз шуд, кори хешро идома дод. Конфронс бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳо ва беҳбуди вазъияти амниятии Афғонистон бо ҳузури намояндагони беш аз 40 кишвари узв ва ҳомиёни он ва беш аз 10 ниҳоди байналмилаливу минтақавӣ оғоз гардид.
Бахши асосии конфронс дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон идома меёбад.
Дар конфронс ҳамчунин намояндагони кишварҳои ҳимояткунандаи «Қалби Осиё», аз қабили Амрико, Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финландия, Олмон, Ироқ, Италия, Япония, Норвегия, Полша, Шветсия ва Британияи Кабир ширкат доранд.
Дар чаҳорчӯби кори конфронси мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз, вазири банақшагирӣ, рушд ва ислоҳот Аҳсан Иқбол, вазири федеролии об ва энергетика Хоҷа Муҳаммад Осиф, инчунин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷавод Зариф мулоқот анҷом дод.
Бояд гуфт, ки нахустин Конфронси «Қалби Осиё» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар соли 2011 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда буд. Нишастҳои баъдӣ дар кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Чин дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 баргузор шуда буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






