Конфронси илмӣ бахшида ба 80- солагии зодрӯзи А. Исҳоқов
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17- уми декабр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Академияи илмҳо ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ бахшида ба 80 — умин солгарди зодрӯзи бостоншиноси маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов дар мавзӯи “Саҳми Абдуллоҷон Исҳоқов дар рушди бостоншиносии тоҷик” конфронси илмӣ баргузор гардид.
Конфронсро ба ин муносибат ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ бахшид, сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент — Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Кашшофи деҳшаҳри Саразм”, узви вобастаи АИ ҶТ Юсуфшоҳ Ёқубов дар мавзӯи “Абдуллоҷон Исҳоқов кашшофи дизи Панҷакенти қадим”, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Саҳми Абдуллоҷон Исҳоқов дар такмили таърихи халқи тоҷик” маърӯза намуданд.
Ҳамчунин дар конфронс зимни маърӯза гуфта шуд, ки: «Тадқиқоти бостоншиносии куҳандизи Панҷакенти қадим барои Абдуллоҷон Исҳоқов имтиҳони бузурге буд, зеро сохтори биноҳои куҳандиз аз бинои шаҳрнишину деҳнишини суғдиён ба куллӣ фарқ менамуд.
Бозёфт шудани маркази нави маданияти аҳди қадими кишоварзии Саразм дар саргаҳи Зарафшон аз тарафи устод Абдуллоҷон Исҳоқов, кашфиёти нодир дар илми бостоншиносии ҷаҳон буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






