«Корнома»-и профессор Сафар Сулаймонӣ
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ “Ховар”).- “Корномаи профессор Сафар Сулаймонӣ дар соли 2015”- бо ҳамин ном фишурдаи фаъолиятҳои илмии профессор Сафар Сулаймонӣ дар соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Соли 2015 барои фаъолияти илмӣ — пажӯҳишӣ соли пурбаракат ва пурбор маҳсуб мешавад. Дар ин сол бори дигар равияҳои илмӣ ва мавзӯъҳои таҳқиқотӣ тибқи сиёсатҳои навини илмӣ бар асоси нақшаҳои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҷдиди назар ва роҳкорҳои он боз ҳам мушаххас гардиданд. Тибқи нақшаи солонаи 2015 мавзӯи пажӯҳишӣ ба таҳқиқи масоили мубрами фарҳанги хонавода ихтисос дода шуданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин фаъолияти таҳқиқӣ ба чунин дастовардҳо ноил гардид. Китобҳои «Хонаводаи солим», «Эҳтиром ба падару модар” ва маҷмӯаи мақолоти илмӣ “Оила — манбаи тарбияи неруи зеҳнии миллии хонандагони ҷавон” ва чанде дигар китобу мақолот яке аз дигар фаровардаҳои илмӣ дар ин сол буданд.
Дар “Корнома” кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гарданд. Дастур барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои интернетӣ, рӯйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқон муфид мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






