Коррупсия ва қонун
Душанбе, 12.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия маҳфили “Ҳуқуқдони замони муосир” доир ва дар он мавзӯи «Коррупсия ва қонун» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Декани факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Ҷӯрахон Шарипов зикр намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби аср буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.
Роҳбари маҳфили “Ҳуқуқдони замони муосир” Навоиддин Носиров дар мавзӯи «Коррупсия, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он» маърӯза карда, афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтааст: «Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад». Аз ҷумла Н.Носиров иброз дошт, ки коррупсия як роҳи соҳибият ба афзалият ва бартариҳои ноадолатона дар муқоиса бо дигарон ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ, дастрасӣ ба хидмати давлатӣ ва неъматҳои ҷамъиятӣ, бемасъулиятӣ дар назди қонун ва суд, баробари дигарон ба ҷо наовардани вазифаҳо дар назди давлат ва сӯйистифода аз ҳокимият ба манфиатҳои шахсӣ мебошад.
Дар маҳфил дар мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши коррупсия», «Мақомоти назорати молиявӣ» «Коррупсия дар соҳаи иқтисодиёт», «Ҷавобгарии коррупсия» аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо шунида шуданд..
Дар фарҷом декани факулта ба як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар маҳфили «Ҳуқуқдони замони муосир» ва соҳиб шудан ба унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ифтихорномаҳо дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






