Корвони саломатӣ-меҳмони хизматчиёни ҳарбӣ

Декабрь 7, 2015 12:17

Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афсарону аскарони Маркази таълимии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хизмати босифати тиббӣ расонид. Дар ҳайати корвон беш аз 45 мутахассиси варзидаи соҳа аз муассисаҳои зертобеи вазорат, табибони гӯшу гулӯ ва бинӣ, духтурони чашм, дандон, дилу рагҳои хунгард, урологҳо, табибони пӯст, силшинос, роҳи нафасу ҷоғар ва диабет, асабшиносон, табибони бемориҳои дарунӣ ширкат варзида, қариб 900 нафар хизматчиёни ҳарбиро аз ташхис гузаронида, маслиҳату табобати ройгон пешниҳод карданд. Беш аз 50 номгӯй доруворӣ барои онҳо дастрас  шуд. Табибон бо дастгоҳҳои фавқуссадо, сабти барқии кори дил, флюрографӣ, дастгоҳҳои ташхиси чашм, гӯш, гулӯ ва бинӣ вазъи саломатии сарбозону аскаронро муайян намуданд. Ба хотири тарғибу ташвиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби мутахассисон суҳбату маслиҳатҳои муфид ва варақаҳои иттилоотӣ пешкаш шуданд.

Декабрь 7, 2015 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд