Кумаки кишоварзон ба мактаб-интернати ноҳияи Ёвон
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпараситии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Ёвонро ба уҳда дорад ва ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳо ба хонандагону тарбиягирандагони мактаб-интернати мазкур кумаки моддӣ мерасонад. Ин навбат муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Саидова аз номи роҳбарияти вазорат барои баланд бардоштани савияи дониши тарбиягирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ёвон тахтаи электронӣ, ки арзиши зиёда аз 5 ҳазор сомониро дорад, тақдим намуд.
Дар айни замон дар мактаб-интернат 236 нафар хонандаю тарбиягиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора 2 нафар ятими кулл, 148 нафар нимятим буда, 86 нафари дигарро хонандагон аз оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд.
Таълимгирандагони мактаб-интернат дар соли хониши 2015 ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла дар озмуни “Оби тоза ва муҳити солим” Муҳайёи Мусулмонзода сазовори дипломи дараҷаи 1 ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ мукофотпулӣ барои “Мақолаи беҳтарин”, Хушнуд Маҳмадраҳимов сазовори дипломи дараҷаи 2 ва маблағи 300 сомонӣ барои “Тадқиқоти беҳтарин” ва Абубакр Холов сазовори дипломи дараҷаи 3, маблағи 200 сомонӣ мукофотпулӣ барои “Меъмории беҳтарин” сарфароз гардидонида шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






