Кумаки клуби завҷагони сафирони муқими Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати Ҳисор

Декабрь 30, 2015 17:57

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи Соли нав аёдати маъюбон, дастгирии молиявӣ ва шод кардани дили эшон ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки клуби завҷагони сафирони муқими Тоҷикистон (сафирони дар Тоҷикистон аккредитатсияшуда) аз ҳисоби худ маблағ ҷамъ намуда, ба чунин амали хайр рӯ меоваранд.
Соли сеюм аст, ки тарбиятгирандагони мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар мавзеи Хирманаки ноҳияи Ҳисор аз лутфи эшон баҳравар мегарданд.
Ҳангми ба толори идона оростаи ин муассиса ворид шудани меҳмонони олиқадр наздики чаҳорсад нафар талабагони муассиса бо қарсакзанӣ ва нидоҳои шодӣ онҳоро истиқбол карданд.
Дар барномаи солинавӣ завҷаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Сумро, завҷаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Елена Ахтямовна Лякина — Фролова, завҷаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шоисломова Ҷамила Абдуллоевна, муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ хонум Мушаррафа Шарипова ва ҳамроҳони онҳо иштирок доштанд.

Декабрь 30, 2015 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад