Лимупарварӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). –Лимупарварӣ тайи чанд соли охир дар минтақаи Кӯлоб рушд намуда, истеҳсоли ин маҳсулот алакай дар бозори дохилӣ бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш гузошта мешавад. Сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб Суратмо Шакармадова 10 сол боз ба парвариши ниҳоли субтропикии лиму машғул аст. Чанд сол қабл ин маҳсулотро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикситон ворид менамуданд, акнун бо заҳмати ҳамешгаии хоҷагидорон воридоти он ба кишвар пурра ҷилавгирӣ шудааст. Ба иттилои масъулин барои парвариши лиму минтақаи Кӯлоб, бахусус шаҳру деҳоти он, ноҳияи Восеъ, Фархор ва Ҳамадонӣ хеле мувофиқ аст, зеро ҳарорати гармӣ нисбат ба дигар ноҳияҳо фарқкунанда мебошад. Аз ин рӯ, мутахассисон парвариши лимуро дар хоҷагиҳои минтақа бамаврид ҳисобидаанд. Аҳли заҳмати ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб бо назардошти сердаромад будани бахши лимупарварӣ барои таъмини кори соҳа дар асоси тавсияи мутахасисон дар гармхонаҳо шумораи зиёди ниҳоли лимуро парвариш доранд, ки дар оянда майдони гармхонаҳои лимуро зиёд ва содироти он ба берун аз кишвар роҳандозӣ мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






