Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Семинари корӣ доир ба раванди пешрафти фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар доираи маблағгузории натиҷаи фаъолият ва маблағгузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо усули маблағгузории сарикасӣ ҳамаи масъулини соҳаро дар шаҳри Душанбе ба ҳам овард.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева оид ба татбиқи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” маълумот пешкаш намуд.
Амалисозии лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, натиҷаҳои верификатсияи гузаронидашуда, камбудиҳо ва ҳалли роҳҳои онҳо, верификатсияи мустақил, натиҷаҳои амалисозии МАНФ ва маблағгузории муассисаҳои КАТС бо усули маблағгузории сарикасӣ, маблағгузории муассисаҳои КАТС аз рӯи натиҷа, пешравӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои сифат ва натиҷаи қисмати СИИ МАНФ мавзӯъҳое буданд, ки мавриди баҳсу андешаи иштирокдорон қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






