Маҳсулоти «Хуаксин Ғаюр Семент» ба бозори минтақа бароварда шуд
Душанбе 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»).Имрӯз нахустин корвони маҳсулоти ширкати истеҳсоли сементи Тоҷикистон «Хуаксин Ғаюр Семент» иборат аз 12 мошини калони боркашон бо 370 тонна сементи истеҳсоли ватанӣ аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаракат намуд. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ дода, таъкид карданд, ки нахустин интиқоли маҳсулоти ватанӣ ба воситаи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, тарзу усули корбарии мақомоти гумрук, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ хуш пазируфта шуд.
Менеҷери ширкати истеҳсолии «Хуаксин Ғаюр Семент» Сюй Кэхэ зикр
кард, ки ширкати «Хуаксин Ғаюр Семент» моҳи декабр бо ширкати афғонии «Шамал Шарқ» оид ба содироти 500 тонна сементи истеҳсоли Тоҷикистон шартнома баста, ҳоло дар хусуси бастани шартномаи ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо идома доранд. «Бори аввал аст, ки фаъолияти худро аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, ки яке аз дарвозаҳои Тоҷикистон дониста мешавад, ба роҳ мондем ва аз тартиби фаъолияти хадамоти гумрук таассуроти нек бардоштем. Нақша дорем, ки дар оянда ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ ва хадамоти гумрук дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба нафъи иқтисодии Тоҷикистон роҳандозӣ кунем», — гуфт Сюй Кэхэ.
Хотиррасон бояд кард, ки бунёди корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва афзун намудани ҳаҷми молу маҳсулоти содиротӣ ба хориҷи кишвар аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи иқтисодии Ҳукумати мамлакат муқаррар шуда, бунёди ширкати истеҳсолии «Хуаксин Ғаюр Семент» дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қадамҳои нахустин ва муваффақи барномаи мазкур дониста шудааст.








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






