Майкл Боррел: Мо бо Президенти Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои Тоталро дар ин кишвар баррасӣ кардем

Декабрь 1, 2015 02:33

Душанбе,1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Зимни  мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ҳолати марбут ба соҳа ва ҳам лоиҳаҳоямон дар Тоҷикистонро баррасӣ намудем», — изҳор дошт 29 ноябр дар шаҳри Париж пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррел.
Вай илова намуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  вазъияти мусбат ва ҳам баъзе мушкилотро дар ин кор хеле хуб дарк менамояд. Мо якҷоя бо шарикони худ аллакай имсол марҳилаи аввали иктишофи сейсмикиро ба итмом расонидем ва  натиҷаҳои хубро ҳам ба даст овардем. Ҳоло дар марҳилаи омӯзиш ва арзёбӣ қарор дорем ва  мебинем, ки дар оянда чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем.
Марҳилаи дуюми иктишофи сейсмикӣ соли 2016 шурӯъ мешавад ва сипас чоҳҳоро парма хоҳем кард. Тоҷикистон кишвари бисёр ҷолиб аст ва дар минтақаи мусоид ҷойи хубро ишғол мекунад.
Дар ин минтақа аҳолӣ меафзояд ва талабот ба энергия низ афзоиш меёбад. Лоиҳаи мо иштироки шарикони маҳаллӣ ва шарикони чиниро, ки мавқеи хубро ишғол мекунанд, дарбар мегирад ва мо кӯшиш мекунем, ки онро пеш барем.
Таваҷҷуҳи мо аз оғоз ба нефт ва газ марбут буд ва мо маҳз ҳамин соҳаро пеш мебарем.
Бояд гуфт, ки мо бо шарикони худ аллакай дар Тоҷикистон 200 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардем ва ин танҳо дар марҳилаи аввали иктишофи сейсмикӣ буд, ки дар корҳои он беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Мо барои онҳо омӯзиш ва кори хубро таъмин намудем. Умедворем, ки натиҷаҳои иктишофи сейсмикии мо мусбат хоҳанд буд ва он гоҳ ҳамкории минбаъдаи тӯлонӣ оғоз мешавад. 

 

 

Декабрь 1, 2015 02:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст