Маълумоти пешакӣ оид ба оқибатҳои заминларза
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соатҳои 12-50 ба вақти маҳаллӣ заминларза ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кўли Сарез ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод. Заминларза такроран соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд, ки дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Ҳамчунин соати 15-34 дақиқаи ҳамин рўз дар 357 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 22 километр аз кўли Сарез заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 бал баробар буд.
Мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари заминларза дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хисороти зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар водии Бартанг ҷамоати деҳоти Савноб деҳаи Ғудара манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон зарар дида, 10 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар мавзеи Булункули ноҳияи Мурғоб иншооти ёрирасон ва манзилҳои истиқоматӣ хароб гардидаанд. Дар километри 432-юми шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ дар мавзеи Ғошғарфи ноҳияи Дарвоз ва дар километри 452-юми ҳамин шоҳроҳ дар мавзеи Туғаки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи сангрезӣ аз баландиҳо роҳ маҳкам шуда, ҳаракати нақлиёт ғайриимкон гардидааст. Бар асари фаромадани сангпора дар километри 462-юми шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ дар деҳаи Хехеки ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ як автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» зери санг монда ронанда ба ҳалокат расидааст. Дар километри 467-уми ҳамин шоҳроҳ ду автомашинаи дигари боркашони тамғаи «Дулан» ҳангоми фаромадани санг зарар дидаанд. Рафти расонидани кўмакҳои аввалиндараҷаи фаврӣ ба зарадидагони ВМКБ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо супориши Сарвари давлат аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон гурўҳи фаврии корӣ таъсис ёфта, ба иҷрои корҳои дақиқсозии ҳаҷми зарар ва талафоти ҷонию молӣ сафарбар карда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






