Мардуми Тоҷикистон дар Соли нав се рӯз истироҳат доранд

Декабрь 31, 2015 11:43

Душанбе, 31.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Соли нави 2016, ки аз рӯи тақвими Шарқ соли маймун аст, дар Тоҷикистон васеъ таҷлил мешавад. Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», 1 январ — рӯзи якуми соли нави 2016 рӯзи истироҳат эълон шудааст. Чун 1 январ ба рӯзи корӣ, яъне рӯзи ҷумъа рост меояд, 2 ва 3 январ (шанбе ва якшанбе) рӯзҳои муқаррарии истироҳатанд. Бинобар ин мардуми Тоҷикистон се рӯз истироҳат доранд. 4 январ рӯзи корӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки аксарияти кишварҳо соли нави 1 январро дар рӯзи якуми сол аз рӯи тақвими григорянӣ таҷлил менамоянд. Таҷлили Соли нав бо назардошти вақти қитъавӣ ҳамеша дар уқёнуси Ором, дар ҷазираҳои Кирибати оғоз ёфта, сокинони ҷазираҳои Мидуэи уқёнуси Ором соли куҳнаро аз ҳама охирин шуда гусел менамоянд. Баъзе кишварҳо Соли навро аз рӯи солшумории қамарӣ таҷлил мекунанд.

Декабрь 31, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд