Машварат доир ба рушди боғдорӣ дар Конибодом
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-2 декабр дар бригадаи №4-уми ҷамъияти саҳҳомии шаҳри Конибодом оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ, роҳҳои таъсиси боғҳои интенсивӣ, нигоҳубин ва серҳосил гардонидани майдонҳои боғҳо машварат баргузор гардид. Дар машварати дастурдиҳӣ гурӯҳи калони мутахассисон ва олимон аз маркази вилоят бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдузафар Иномов иштирок намуданд.
Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд А. Инъомов иброз дошт, ки шаҳри Конибодом дар гузаштаву имрӯз ҳам бо боғҳои фаровонҳосил ва мутахассисону боғпарварони номӣ шӯҳрат дорад. Аммо солҳои охир анъанаи нигоҳубини ниҳолу дарахтони боғ, сари вақт додани озуқаву бурдани корҳои безараргардонӣ дар боғу токзор суст шуда, боиси коста шудани бозори дохилӣ гардидааст.
Ҳоло дар Конибодом 10 ҳазору 183 га боғ мавҷуд буда, дар он намудҳои гуногуни мева, хусусан зардолу, шафтолу ва гелос парвариш меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






