Машварати корӣ дар ҳузури Марҳабо Ҷабборӣ
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳузури муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарону масъулини вазорату идораҳои соҳаҳои фарҳангу ҳунар, иттилоот, радиову телевизион ва дигар бахшҳои дахлдори кишвар доир ба омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ гардида, барои дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани ин санаи муҳими тақдирсоз супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани тадбирҳои иловагӣ аз нав таҳия шавад. Чунонки тазаккур дода шуд, чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангию маърифатӣ, илмию амалӣ ва фароғатию равшаннамоӣ сар аз моҳи январи соли 2016 дар давоми сол бояд дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва берун аз он мунтазам ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси вандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи якпорчагию соҳибистиқлолӣ ва гиромидошти фарҳангу анъанаҳои миллӣ роҳандозӣ шуда, ба ин васила арзишҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа таҷассум кунанд.
Дар назар аст, ки дар соли таҷлили 25-солагии Истиқлолият якчанд фестивалу озмунҳо, аз қабили беҳтарин сенарияҳо, фестивалҳои дарёфти истеъдодҳои нав, мусиқавӣ, рақсӣ, театрӣ, «Сайри гули лола», «Либоси миллӣ» ва инчунин озмуни муайян намудани беҳтарин вилоят, шаҳр ва ноҳия доир шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






