Маъюбон: Мо гуногун, вале баробарем
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар ҷумҳурӣ як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешаванд. Рӯзи байналмиллалии маъюбон дар шаҳри Душанбе нахуст бо ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли роҳравакҳо (ходунок) дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Намоиши маводи омода намудаи шахсони имконияташон маҳдуд низ дар ин коргоҳ дар назар аст.
3-юми декабр дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ» чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» Асадулло Зикрихудоев дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва намояндагони Ташкилоти байналмилалии «Салиби сурх» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷуҳ мешавад, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Дар барномаи фароғатӣ ҳунармандоне, ки дорои имконияти маҳдуданд, баромад мекунанд.
Чорабинӣ бо ибтикори Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» роҳандозӣ гардидааст. Ин ташкилот аз ташкилоти калонтарини маъюбон буда, фаъолияти хешро баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон равона намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






