“Миёнарав” -намоишномаи нав дар Театри мардумии Ғончӣ
Ғончӣ, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-“Миёнарав” -чунин ном дорад намоишномаи наве, ки бахшида ба “Соли рушди фарҳанг” аз ҷониби ҳунарпешагони Театри мардумии ноҳияи Ғончӣ барои мухлисон пешкаш гардид. Намоишномаи мазкур аз ҷониби коргардони театр Саидлуқмон Ғаниев аз рӯи асари драматургон Саидамин Ҷило ва Ориф Набиев рӯи саҳна омадааст.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи фарҳанги ноҳия иттилоъ доданд, мавзӯи асосии намоишномаи “Миёнарав”- ин пеш аз ҳама тавассути саҳна нишон додани дарди ҷомеа ва ҳамчунин фошсозии амалҳои носавобе, ки дар ҷомеаи имрӯза вомехӯранд, буд.
Ба иттилои манбаъ, асари мазкур барои иштирок дар озмуни вилоятии театрҳои халқӣ омода гаштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






