Мизи гирд: “Фармони сарнавиштсоз дар ҳаёти занон”

Декабрь 3, 2015 12:03

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ аз  ҳисоби занон дар соли 2008 3915 нафар, дар соли 2009 4963 нафар, дар соли 2010 4441 нафар, дар соли 2011 4493 нафар, соли 2012 4343 нафар, соли 2013 4378 нафар, соли 2014 4393 (23,4 фоиз) ва нимсолаи якуми соли 2015 4431 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 аз рўи шумора 56 нафар зиёд аст”,-гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Хидирзода Махфират Умар имрӯз дар ҷараёни  мизи мудаввар, ки  ба 16-мин солгарди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бахшида шуд.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба  16-умин солгарди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мизи мудаввар таҳти унвони “Фармони сарнавиштсоз дар ҳаёти занон” баргузор гардид.
Бино ба гуфтаи раиси кумита соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Дар ҳайати сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот — ҷамоатҳо соли 2005 чор зан раиси шаҳр ва ноҳия шуда кор мекарданд. 26,9 фоизи раисони ҷамоатҳо ва 27,4 фоизи муовинони раисони шаҳру ноҳияҳоро занон ташкил медоданд. То 1 июли соли 2006 аз 15718 корманди  дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, 3767 нафарашон занон буданд, ки он 24 фоизро ташкил медод.
«Таҳлили вазъи кунунӣ нишон  медиҳад, ки аз 18582 нафар хизматчиёни давлатӣ 4431 нафар ё 23,8 фоизро занон ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 нафар зиёд мебошад. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он аз 11341 нафар 2837 нафар ё 24,9 фоиз, аз онҳо 535 нафар ё 18,8 фоизро кадрҳои роҳбарикунанда, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 3616 нафар 951 нафар ё 26,2 фоиз, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 нафар зиёд, аз инҳо 307 нафарашон ё 21,3 фоиз дар мансабҳои роҳбарикунанда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 3625 нафар 636 нафар ё ин, ки 17,5 фоиз, ки аз онҳо 267 нафарашон ё 41,9% дар мансабҳои роҳбарикунанда мебошанд”-илова намуд Махфират Хидирзода.
Дар мизи гирд намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, фаъолзанон ва донишҷӯйдухтарон иштирок доштанд. 

 

Декабрь 3, 2015 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст