Мулоқоти C. Аслов бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ “Ховар”). — 3 декабри соли 2015 дар Белград, Сербия дар ҳошияи иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли созмони мазкур Ламберто Занниер баргузор гардид.
Л. Занниер аз сатҳи ҳамкориҳои Созмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иштироки кишварро дар фаъолияти САҲА муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот С. Аслов бо дарназардошти чолишҳои муосир аз созмони мазкур ва ниҳодҳои он даъват ба амал овард, ки ба ба талошҳои кишварҳои минтақа ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ мусоидати фаъолтар дошта бошанд. Ҷонибҳо дар масъалаҳои мусоидати Созмон ба раванди татбиқи уҳдадориҳои Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар ҳар се ченаки САҲА ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва савдои одамон ва дигар мавзӯъҳои мавриди тававвуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






