Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардид.
“Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкории бисёрҷанба бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва робитаҳои устувори дӯстонаро бо он яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад «, -изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .
Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои фарогири доираи васеи робитаҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо фаъолияти механизмҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла зарурати тавсеаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо барои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва назорат аз болои маводи мухаддирро (КАДАП) воситаи хуби таҳкими муносиботи ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.
Ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи тарҳи CASA-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, мавриди таваҷҷуҳи хоси ҳамсуҳбатон буд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм, муқовимати муштарак бо хатару чолишҳои глобалии муосир ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






