Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки «Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои гуногуни он ва тамоми кишварҳои аъзои ин ниҳод манфиатдор аст ва мо Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморем».
Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва амниятӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, қонунгузорӣ ва пойдории демократия изҳори қаноатмандӣ карданд.
Вобаста ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани лоиҳаю барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, мисли сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа аст амри зарурӣ дониста шуд
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили вобаста ба амну суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки муқовимати якҷоя алайҳи ин хатарҳо идома хоҳад ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






