Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Такаши Камада
Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28 декабри соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Япония дар Душанбе Такаши Камада баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар партави натиҷаҳои сафари расмии Сарвазири Япония Шиндзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2015 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ инчунин роҷеъ ба доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония, бахусус дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва маориф табодули назар сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






