Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Уиллиам Тодд
Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 2 декабри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини якуми ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Уиллиам Тодд баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, иқтисодиёт, нақлиёт, амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва инчунин ташаббуси ШМА-ро оид ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи Эъломияи «С5+1», ки дар рафти якумин ҷаласаи муштараки роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА дар ш. Самарқанд 1 ноябри соли 2015 қабул гардида буд, мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






