Мулоқоти ректорон бо хатмкунандагони Чкалов
Чкалов, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 24- уми декабр, дар Донишкадаи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистон, дар шаҳри Чкалов мулоқоти роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Рухсора Давлатзода, раиси шаҳри Чкалов чорабиниро иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру супориши раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳ монда шудааст. Ин иқдомро дар самти интихоби дурусти ихтисос барои довталабони макотиби олии вилоят барои соли оянда хеле муфид арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин Мирзотоҳир Набиев, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зикр намуд, ки шумораи дохилшавии довталабон ба макотиби олӣ нисбат ба солҳои гузашта аз шаҳри Чкалов зиёд шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






