Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилояти Суғд бо хонандагон
Шаҳристон, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Шаҳристон мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони ноҳия баргузор гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба вазъи дохилшавӣ ба мактабҳои олии мамлакат аз ноҳияи Шаҳристон ва теъдоди умумии довталабони имсола иттилоъ дода, онҳоро даъват кард, ки зимни интихоби ихтисос дурбинона рафтор намуда, барои ояндаи дурахшони хеш аз имрӯз замина гузоранд.
Ректорони муассисаҳои олии вилоят, аз ҷумла, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯрабоев, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилов, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Сангинова ва муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдо дар назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Ҳ. Ҳошимов дар мавриди омӯзиш ва интихоби дурусти касб сухан гуфтанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






